PDF
Ғамкушта. Шодӣ Раҷабзод
Дар бораи китоб
Ҳикояи “Ғамкушта”-и адиб, ки дар китоби “Дасти боло” мавҷуд аст, сазовори борҳо хондану лаззати маънавӣ гирифтан аст, ҳарчанд вожаи “лаззат” ин ҷо каме номуносиб ҳам ҳаст, аз он ҷиҳат, ки дар пеши назар чун лентаи синамо ғаму андӯҳу фоҷиаҳои шадиди зиндагии одамӣ мегузаранд, аз “забон”-и дарахт қисса карда мешаванд, дарахте, ки самбули як умри пур аз гирудору сарафкандагиҳои одамист. Ин дарахт гӯё моли табиат нест, як ҷузъи башарият аст, ки аз фоҷеъоти башарият барои худи башарият нолаҳои ҷонгудоз мекунад, ҳисобот медиҳад, оҳ мекашад, фиғон мекунад, билохира ҳушдор медиҳад, ки чунин ситаму зулму истибдод хоси одамизода нест, агар одам ашрафи махлуқот аст, бояд аз рӯйи ҳамин меъёри муқарраркардаи эзадӣ бизияд…
Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Гамкушта, Шоди Рачабзод, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF, EPUB, MOBI ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).