PDF
Куллиёт (ҷилди 1). Абулқосим Лоҳутӣ
Дар бораи китоб
Абулқосими Лоҳутӣ: - Куллиёт, иборат аз ҳафт ҷилд, ҷилди 1 (1899-1925) нашри дуввум (шеърҳо) бо таҳрир, такмил ва иловаҳо.
Ин китоб матни илмию интиқодии осори яке аз поягузорони назми навини тоҷик Абулқосими Лоҳутиро аз соли 1899 то соли 1925 дар бар мегирад. Таҳиягарон дар натиҷаи омӯхтани ҳамаи сарчашмаҳои мавҷудаи марбут ба устод Лоҳутӣ - дастхатҳои ӯ, сиёҳнавис ва покнависи асарҳо, нусхаҳои мошинкашуда ва китобҳое, ки аз тарафи муаллиф ба нашр ҳозир гардидааст, кӯшиш намудаанд, ки матни аслӣ ва саҳеҳи осори муаллифро ба хонанда дастрас кунанд, ба тавассути муайян намудани таърихи эҷоди ҳар як асар ва марҳилаҳои он ташаккули шахсияти шоирро нишон диҳанд.
Китоб баъзе асарҳоеро ҳам дар бар мегирад, ки то ин дам ба хонандаи тоҷик маълум набуданд.
Ин китоб ба мутахассисони адабиёт, ба муаллимону донишҷӯёни факултаи филологияи мактабҳои олӣ, миѐна, ба ҳамаи дӯстдорони шеъри Абулқосими Лоҳутӣ пешкаш мешавад.