PDF
Куллиёти осор. Ҷилди 4. Асад Гулзодаи Бухороӣ
Дар бораи китоб
Куллиёти осор. Ҷилди 4. Шеърҳо, ғазалҳо, дубайтиҳо ва чаҳорпораҳо.
Аз замоне, ки ошиқони шеъру адаби порсӣ-тоҷикӣ бо ашъори шоири муъосири тоҷик Асад Гулзодаи Бухороӣ ошноӣ пайдо карданд, 65 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли ин солҳо шоири маҳбуби мардум ба унвони як адиби заҳматкаш ва пурталош шинохта шуд, ашъори обдору тобдораш вирди забони пиру ҷавон гашт, маҷмӯъаҳои шеъраш дастраси муҳиббони адабиёти порсӣ дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Эрон гардид, намунаҳои ашъораш дар гузинаҳои мухталифи шеър ҷой гирифт.
Ҷилди чаҳоруми “Куллиёти осор”-и ӯ шеърҳо, ғазалҳо, чаҳорпораҳо ва дубайтиҳои дар солҳои гуногун сурудаи шоири зиндадилро дарбар мегирад.
Умедворем, ки ашъори дар ин ҷилд фароҳамомадаи Асад Гулзодаи Бухороӣ писанди табъи шумо – дӯстдорони шеъри форсӣ-тоҷикӣ мегардад.