Саду як ғазал

Саду як ғазал. Фарзона

Муаллиф
Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
104
Забон
Нашр дар сомона
05.11.2026

Дар бораи китоб

Шояд дар байни шоирони насли нав ва ҷавони тоҷик Фарзона машҳуртарин чеҳраи адабӣ бошад. Ҳамеша ин як асл нест, ки машҳуртаринҳо беҳтаринҳо бошанд, аммо дар мавриди Фарзона ба шаҳодати осори хубу навовариҳояш ин асл воқеият дорад ва Фарзона яке аз пурфурӯғтарин чеҳраҳои адабии муосири Тоҷикистон аст. Фарзона илова бар он, ки дар Тоҷикистон чеҳраи машҳурест ва ҳатто алорағми ҷавонӣ ҷавоизи мӯътабари кишвари Тоҷикистонро ҳам ба даст овардааст, шоири мутавозеъ низ ҳаст. Ӯ дар хонаводаи адиб парвариш ёфтааст ва ҳамсараш низ аз шоирони хубу навгарои Тоҷикистон мебошад.

...Дар мавриди Фарзона бояд гуфт, ки забони ӯ беш аз ҳар шоире таҳти таъсири шӯридагиҳои Мавлоно ва ғазалиёти Шамс аст. Шояд ин нуктаро дар ин абёт рӯшантар битавон дид:

Аз қолабам барояму хоҳам, ки ҷон шавам
Ворастатар зи қофилаи лӯлиён шавам...

То ҳамчу най зи мағзи ҷигар нола даркашам,
Бояд зи пӯст бигзараму устухон шавам.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Саду як газал, Фарзона, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).