Технология. Таълими меҳнат. Синфи 10. Абдулатиф Азизов ва дигарон

Китоби дарсӣ барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри сеюм.


Шумо аз барномаҳои телевизиону радио, рӯзномаю маҷаллаҳо, гуфтугӯйи калонсолон амалан ҳар рӯз дар бораи ислоҳоти иқтисодӣ, ки дар мамлакати мо идома дорад, маълумоти гуногун мегиред.

Дар бораи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, зарурати инкишоф додани соҳибкории озод ва дастгирии соҳибкории хурду миёна бисёр мегӯянду менависанд. Вазифаи муҳимтарини ин гузариш баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот ва афзоиши миқдори молу маҳсулоти истеҳсолшаванда мебошад ва дар ин бобат умеди асосӣ ба соҳибкорон аст. Маҳз онҳо бояд дар ҳалли масъалаҳои мазкур нақши ҳалкунанда бозанд.

Соҳибкорӣ чист ва соҳибкор кист? Оё дар ҳақиқат дар иқтисоди бозоргонӣ соҳибкор нақши ҳалкунанда мебозад? Эҳтимол, шумо низ оид ба ин масъалаҳо борҳо фикру андеша кардаед.

Оё ба назаратон чунин наменамояд, ки замони ба таври объективӣ сарфаҳм рафтан ба ин масъалаҳо фаро расидааст? Китобе, ки алъон дар даст доред, ба шумо дар ин бобат ёрӣ мерасонад!

Агар шумо китобро бодиққат хонед, супоришҳоеро, ки дар охири ҳар фасл омадаанд, дақиқан ва пай дар пай иҷро кунед, дар охир соҳиби бизнес-нақшаи мустақилона таҳиягардида мешавед. Дар бораи таъиноту аҳаммияти бизнес-нақша дар фаъолияти соҳибкор дар китоб муфассал нақл шудааст. Ҳангоми таҳияи бизнес-нақша ташаббускору боҷуръат бошед, аз қарорҳои наву ғайриқолабӣ наҳаросед, вале ҳамеша воқеъбин бошед. Ҳамзамон дар машғулиятҳои амалӣ оид ба технология шумо намунаҳои маҳсулотеро, ки истеҳсоли он дар корхонаатон пешбинӣ шудааст, тайёр мекунед.

Агар дар китоб бо ягон калима ё истилоҳи нофаҳмо дучор оед, дилгир нашавед. Ҳамаи истилоҳҳои махсус ё дар матн ё дар луғатнома, ки дар охири китоб меояд, шарҳ дода мешаванд.

Дар замимаҳои китоб маводди иловагии зерин оварда шудаанд: тест барои арзёбӣ (ё баҳодиҳӣ)-и қобилияти соҳибкории худ, яъне намунаҳои ғояҳои соҳибкорӣ, ки шумо онҳоро чун асос барои корхонаи худ истифода карда метавонед. Умедворем, шумо курси технологияи соҳибкориро бомуваффақият фаро мегиред.

Шумо таҳсилро дар мактаб ба итмом расонида истодаед. Нақшаи ояндаи худ – касб, ихтисос, карйераро чӣ тавр тартиб додан лозим аст? Таҳсилро дар куҷо давом додан ба мақсад мувофиқ мебошад: дар омӯзишгоҳи касбӣ, коллеҷ ё мактаби олӣ?

Як боби китоб ба ин масъалаҳо бахшида шудааст. Иҷрои лоиҳаи эҷодии «Нақшаҳои ҳаётии ман ва карйераи касбӣ» ба аз худ кардани дарсҳо ва касбинтихобкунӣ ва худмуайянкунии касбӣ ёрӣ мерасонад.

Ҳангоми аз худ кардани технологияи интихоби касб ҳамаи дониши андухтаатон аз курси технология мавриди истифода қарор мегирад ва маҳорати истифодаи эҷодкорона дар зеҳни шумо ташаккул меёбад.


Калидвожаҳо: Китоби Технология. Таълими мехнат. Синфи 10, Технология. Таьлими мехнат. Синфи 10, Технология. Талими мехнат. Синфи 10, Абдулатиф Азизов, Саидмухаммадхон Рахимов, Шерзод Азизов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)