Технология (Таълими меҳнат барои писарон). Синфи 6. Абдулатиф Азизов ва дигарон

Муаллифон: Абдулатиф Азизов, Саидмуҳаммадхон Раҳимов, Субҳон Исломов

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 6

Барчасп: Таълими меҳнат

Ношир: Маориф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2017

Саҳифа: 144

Андоза: 7 МБ

Технология (Таълими меҳнат барои писарон). Китоби дарсӣ барои синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.


Хонандагони азиз! Шумо дар синфи 6-ум ба санъати коркарди чӯб ва филиз (металл) шинос мешавед.

Ҳадафи асосии омӯхтани «Технология» дар синфи 6-ум он аст, ки Шумо ба тарзи сохтани маснуоти гуногун ошно шуда, баъзе аз онҳоро мустақилона сохта тавонед ва аз натиҷаи кори хеш ҳаловат бибаред.

Ин китоб дар фасли аввал машғулиятҳоеро барои Шумо пешкаш кардааст, ки аз корҳои таъмирӣ иборат аст ва метавонед онро ҳам дар муассисаи таълимӣ ва ҳам дар хона анҷом диҳед. Дар фасли дигар маданияти корҳои таъмирию сохтмонӣ шарҳ ёфтааст. Шумо тарзи зичу пайваст кардани чорчӯбаҳои тиреза, ҷиҳозонидани қуфлҳои берунӣ ва дохилӣ, таъмири содатарин таҷҳизоти беҳдоштиро аз худ менамоед.

Дар синфи 6-ум тарҳҳои эҷодӣ ва усули нави тарҳрезии маснуотро аз худ карда, ба зебоисозӣ, эстетика (зебоипарастӣ), камхарҷӣ ва нишондодҳои экологии маснуот диққати махсус медиҳед. Халқи тоҷик маданияти бой ва таърихи қадима дорад. Ҳунармандони номии халқи тоҷик анъанаҳои аҷдодии худро сайқал дода, асарҳои нодир аз худ боқӣ гузоштаанд. Бинобар он, тадқиқи касбҳои ниёгонамон моро водор месозад, ки онҳоро биомӯзем ва дар эҳёи он саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.

Омӯзиши технология дар синфи 6-ум бо фасли «Касбу ҳунари ниёгон (гаҷкорӣ)» ба охир мерасад.


Калидвожаҳо: Китоби Технология (Таълими мехнат барои писарон). Синфи 6, Технология (Таьлими мехнат барои писарон). Синфи 6, Технология (Талими мехнат барои писарон). Синфи 6, Абдулатиф Азизов, Саидмухаммадхон Рахимов, Субхон Исломов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)