Тоҷикистон дар пешорӯйи чолишҳои ифротгароӣ

Тоҷикистон дар пешорӯйи чолишҳои ифротгароӣ. Рустам Азизӣ, Шералӣ Ризоён

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
236
Забон
Нашр дар сомона
09.09.2026

Дар бораи китоб

Монография ба мавзуи шинохт ва пешгирии ифротгароӣ дар шароити Тоҷикистон бахшида шудааст. Китоб дар асоси пажуҳишҳои дафтарӣ ва таҷрибӣ таҳия гардида, натиҷагирии кори муаллифон дар солҳои 2010-2025 мебошад. Дар китоб таҳлили гуфтумони пешгирии ифротгароӣ дар стратегияҳои Тоҷикистон ва дар санадҳои барно-мавии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон оварда шуда, рӯйкар-ди созмонҳои байналмилалӣ низ шиносоӣ гардидаанд. Муҳимтарин гуфтумонҳо дар фазои расонаӣ ва илмии Тоҷикистон дар самти пеш-гирии ифротгароӣ баррасӣ шудаанд. Шарҳи мухтасари афзоиши андешаҳои ифротӣ дар кишвар ва вижагиҳои шинохту падидоршавии он шиносоӣ мегардад. Арзёбии ифротгароии онлайн ва дурнамои муқовимат бо он, ҳамчунин тарғиботи созмонҳои ифротӣ дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ва кейсҳои воқеӣ аз Одноклассники, Facebook ва Instagram таҳлил гардидаанд. Арзёбии мухтасари самаранокии чораҳои пешгирикунии мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва байналмилалӣ анҷом гардидааст. Вазъ ва дуроҳиҳои офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон дар кишвар баррасӣ шуда, чолишу фурсатҳо дар пайи тағйири рӯзномаи ҷаҳонии муқовимат бо овардани сенарияҳои эҳтимолӣ шиносоӣ мегарданд.

Китоб ба пажуҳишгарони илмҳои фалсафа, сиёсӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, диншиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, идоркунии давлатӣ, оянданигарии сиёсӣ, инчунин, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо ва ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Точикистон дар пешоруйи чолишхои ифротгарои, Рустам Азизи, Шерали Ризоён Рустам Азизи, Шерали Ризоен, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).