Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён
3 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Шералӣ Ризоён 19 апрели соли 1986 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби № 16 (1992–1996) ва гимназияи № 3-и Хуҷанд (1996–2003) гирифтааст. Соли 2008 факултаи сиёсатшиносӣ ва равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси «Равобити байналмилалӣ» бо дипломи аъло хатм намудааст.

Соли 2017 рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намуда, дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсиро соҳиб гаштааст.

Ӯ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст, солҳои 2019–2024 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс додааст, инчунин ҳамчун мушовири радиои «Овози тоҷик» кор кардааст.

Самти асосии тадқиқоти илмии Шералӣ Ризоён сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва масъалаҳои амнияти Осиёи Марказӣ мебошад. Ӯ муаллифи зиёда аз 200 мақолаи илмӣ, ки дар кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон нашр шудаанд, инчунин 4 китоб мебошад.

Фишурда аз Википедия

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Шерали Ризоён Шерали Ризоен ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).