PDF
Ёддошти сафари Бухоро. Шералӣ Ризоён
Дар бораи китоб
Аз 10 то 14-уми ноябри соли равон ба Бухоро барои иштирок дар ҳамоиши коршиносони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ИМА ва Афғонистон сафар доштам. Аслан интихоби масири роҳ то Бухоро мушкил буд ва рости гап хоҳиши зиёди рафтан ҳам надоштам, чун: чиптаи тайёра аз Душанбе ба Тошканд барои як моҳи оянда аллакай фурухта шудааст (i), гузаргоҳи Саразм ба самти Самарқанд бинобар баргузории саммити Созмони кишварҳои туркзабон муваққатан баста буд (ii), аз тариқи Хуҷанд ба Тошканд рафтан вақти зиёдро талаб мекард (iii), чиптаи тайёра аз Душанбе ба Алмаато ва аз онҷо ба Тошканд ё тариқи роҳи оҳан низ сарсонии зиёд дораду, одам хаста мешавад ва вақт беҳуда мегузарад (iv), масири роҳ аз Душанбе то Бухоро, тариқи гузаргоҳи Дӯстӣ (Турсунзода) ба Деҳнав ва Бухоро (v) номаълум буд, зеро роҳҳои мошингарди Ӯзбекистон дар муқоиса бо Тоҷикистон то ҷое хароб ҳастанд ва ба пуррагӣ бозсозӣ нашудаанд. Ниҳоят масири Душанбе-Турсунзода-Деҳнав-Бойсун-Қаршӣ-Бухороро интихоб кардем, ки дар расми зер, харитаи онро аз Google Maps овардаам.